ИҚДОМ ДАР РОҲИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ

Кормандони Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илм баҳри татбиқи масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, ҳуҷҷату асноди заруриро таҳия ва омода намудаанд. Аз ҷумла, бо иқдом ва саъйю талоши кормандони марказ дастур таҳти унвони «Харитаи роҳи миллӣ» (Рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳия ва нашр гардид, ки дар самти омӯзиш ва тадриҷан ба воситаҳои дастраси рақамӣ пайвастани идораю зерсохторҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ нақши муассир ва судманд мегузорад. Дастури мазкур ба тасдиқи директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия Абдураҳмон Гулзода, дар ҳамдастӣ бо созмони Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва Вазорати маориф ва илм аз ҷониби кормандон дар натиҷаи омӯзиш ва гузаронидани тренингҳо коркард ва нашр гардидааст. Дар муқаддимаи «Харитаи роҳи миллӣ» дақиқу равшан баён гардидааст, ки ҳадафи харитаи роҳи мазкур роҳнамоӣ намудани татбиқи устувори рақамикунонӣ дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Харитаи роҳ ҷиҳати бо таваҷҷуҳ ба воситаҳои рақамӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои соҳаи маориф, чаҳорчӯбаи стратегӣ ва амалӣ бо дарназардошти таҷрибаҳои минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ дар самти тарғибу ташвиқи воситаҳои рақамӣ дар Тоҷикистон қадамҳои мушаххасро мегузорад. Дастури зикршуда аз бобҳои афзалият, чаҳорчӯбаи меъёрӣ, маълумот ва таҳлил, маблағгузорӣ, шарикиҳо ва иртибот, пайвастшавӣ ва инфрасохтор, дастгоҳҳо, платформаҳо ва воситаҳои дастрасии рақамӣ, банақшагирӣ ва рушди иқтидори рақамӣ, дастгирии рақамии омӯзиш ва таълим, арз­ёбии омӯзгор ва хонанда, мониторинг ва арзёбӣ, чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи рақамкунонии соҳа ва ғайра иборат мебошад.
Бояд таъкид кард, ки низоми маориф ба иқтидори рақамӣ на танҳо барои омӯзиши омӯзгорон ва таҳсил, балки барои маъмурият ва роҳбарият дар тамоми сатҳу зинаҳо ниёз дорад. Барои рақамикунонии соҳаи маориф ба далелҳо ва иттилооти асосёфта, низоми пурраи фаъоли идоракунии иттилоот дар соҳаи маориф омили асосӣ мебошад. Лоиҳаи намунавӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои арёзбии фоиданоки усулҳои мухталифи технологияи нав, қабул ва ҷорӣ намудани онҳо дар саросари кишвар кумак мерасонад. Аз ин хотир, чаҳорчӯбаи салоҳиятҳои ТИК барои омӯзгорон асоси рушди касбии омӯзгорон дар самти технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия мебошад.
Дастури «Харитаи роҳи миллӣ» иқдоми нахустин дар татбиқи рақамикунонии соҳаи маориф ба шумор рафта, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расидааст. Марказ мақсад дорад, ки дар заминаи он дастури наверо барои муассисаҳои таълимӣ дар самти истифодаи фарогири технологияи рақамӣ таҳия ва ба нашр расонад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»